Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазирони ИМА ва Русия дар Вашингтон


Ҷон Керрӣ ва Чак Ҳейгел
Ҷон Керрӣ ва Чак Ҳейгел
Рӯзи ҷумъа сарфи назар аз сардии равобит миёни Русияву ИМА дар Вашингтон мулоқоти котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ва вазири мудофиаи ин кишвар Чак Ҳейгел бо вазирони корҳои хориҷӣ ва мудофиаи Русия Сергей Лавров ва Сергей Шойгу доир хоҳад шуд.

Рӯзи чоршанбе президенти ИМА Барак Обама таъкид карда буд, ки моҳи оянда ҳангоми сафар ба Маскав бо президенти Русия Владимир Путин мулоқоти як ба як барпо нахоҳад кард.

Тақдими паноҳгоҳи муваққати сиёсӣ ба собиқ ходими идораи ҷосусии ИМА Эдвард Сноуден ва ихтилоф дар як идда масъалаҳои байналмилалӣ ба равобити Маскаву Вашингтон таъсири манфӣ расондааст.

Тибқи ахбори расида дар мулоқоти рӯзи ҷумъа мақомҳои ИМА ва Русия вазъи Афғонистон, Эрон, Кореяи Шимолӣ ва бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупоро, ки Русия шадидан мухолифи он аст, баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG