ИМА эълон кард, ки 14-уми август дар Байтулмуқаддас музокироти мустақими ҳайатҳои Исроилу фаластиниҳо доир хоҳад шуд.
Сухангӯи департаменти давлатии ИМА Ҷен Псакӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, даври баъдии музокирот дар шаҳри Ариҳои соҳили ғарбии рӯди Урдун барпо мешавад.
Ҳафтаи гузашта пас аз се соли хомӯшӣ исроилиҳо ва фаластиниҳо дар шаҳри Вашингтон мулоқоти мустақим баргузор намуда, дар ҳузури котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ мувофиқат карданд, ки ҳафтаи оянда дар Байтулмуқаддас музокироти сулҳро эҳё намоянд.
Дар иртибот бо хабари бунёди 800 манзили яҳудӣ дар заминҳои мавриди баҳс хонум Псакӣ гуфт, ИМА идомаи бунёди манзилҳоро ҳамчун амали шаръӣ арзёбӣ намекунад.