Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди обхезӣ ба сокинони шаҳри Хабаровск


Мақомоти Русия имрӯз ба сокинони шаҳри Хабаровск ҳушдор додаанд, ки бо болотар шудани сатҳи оби рӯдхонаи Амур ба обхезӣ омода шаванд. Раёсати ҳолатҳои фавқуллода дар шаҳри Хабаровск гуфтааст, дар тӯли 24 соати гузашта сатҳи оби Амур 13 сантиметр боло рафтааст. Ба гуфтаи ҳавошиносони рус, мумкин аст, оби рӯдхона то рӯзи 11 август дар ҳамин сатҳ бимонад, вале аз рӯзи 14 август шояд то як метр боло меравад. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия амр додааст, барои эҳтиёт барои сокинони Хабаровск ӯрдугоҳҳои муваққатӣ дуруст кунанд.
XS
SM
MD
LG