Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкорон дар Кӯлоб бузургтарин масҷидро месозанд


Шаҳрдори Кӯлоб эълом дошт, ки сохтмони бузургтарин масҷид дар вилояти Хатлон воқеъ дар ин шаҳр идома меёбад.

Сохтмони масҷиди ба номи Имоми Аъзам дар охири солҳои 80-уми арси гузашта дар масоҳати 5 ҳектор оғоз ёфта буд, вале замони ҷанги шаҳрвандӣ то кунун корҳои сохтмонӣ он ҷо қатъ шуда буд.

Абдуғаффор Раҳмонов, шаҳрдори Кӯлоб зимни табрики сокинон ба иди Саиди Фитр гуфт, ки «соҳибкорони баномуси Кӯлоб идомаи сохтмони ин масҷиди бузургро ба ӯҳда гирифтаанд ва моҳҳои наздик ҷойҳои асосии онро ба истифода медиҳанд.»

Шаҳрдори Кӯлоб аз соҳибкрон ном нагирифт, аммо Мулло Ҳайдар Шарифзода, имомхатиби ин масҷид гуфт, онҳо ин корро барои савоб мекунанд ва хоҳиш надоранд, то номашонро ҳама бидонанд. «Омаданд, гуфтанд, ки ҳамин корро мекунем, хурсанд шудем. Худо хайрашон диҳад. Мо умуман ба кори сохтмонии онҳо кор надорем. Ҳар чӣ худашон мехоҳанд, ҳамонро мекунанд. Аз мо фақат маслиҳату дуо мепурсанд. Худо баракаташон диҳад», гуфт, Мулло Ҳайдар.

Тибқи ҳисобҳои тахминӣ барои пурра сохтмонӣ ин масҷид беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ лозим аст. Ин масҷид бо вуҷуде, ки сохтмонаш анҷом наёфтааст, масҷиди марказии Кӯлоб маҳсуб меёбад ва бештари сокинон намози Идро дар ин ҷо мехонанд. Саҳни ин масҷид барои беш аз 40 ҳазор намозхон ҷой дорад.

Имрӯз сокинони Кӯлоб дар панҷ масҷиди ҷомеъ намози иди Саиди Фитрро гузоштанд. Намози Ид аз соати 7 –и субҳ то 8 идома кард.

Сокинон дар инрӯз барои фотиҳахонӣ сари гӯри наздиконашон ва ба хонаҳои ҳамдигар рафта идро табрик мегӯянд.

Имрӯз, дар Кӯлоб ҳарорати ҳаво то 30-35 дараҷа поин шуд, ки дар қиёс ба рӯзҳои гузашта ба маротиб салқинтар аст. Ин ҳавои мусоид гаштугузори сокинонро осонтар кардааст.
XS
SM
MD
LG