Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйиноти кадрӣ дар сохторҳои додгоҳӣ


Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 7-уми август Эмомалӣ Раҳмон бо наздики 80 нафар кормандони мақоми судӣ, ки ба вазифаҳои додгоҳӣ ва роҳбарии ин мақомот дар маҳалҳо таъин гардидаанд, сӯҳбат кард. Дар миёни таъиншудагон 6 нафар зан низ ба вазифаҳои масъули соҳаи додгоҳӣ мансуб шуданд. Зимнан, дар ҷараёни сӯҳбати президент бо масъулони тозатаъин, Фаттоҳ Саидов раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Шерхон Салимзода, Додситони кулл ва Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов бо нигаронӣ аз даст задани баъзе судяҳо ва дигар кормандони мақомоти додгоҳӣ ба ҷинояту қонуншиканӣ ва порахӯрӣ, гузоришҳо ироа кардаанд.

Аз хадамоти матбуотии президент хабар доданд, ки аз шумораи умумии ба вазифаҳои нав таъингардида 6 нафар зан ва 30 нафар касонеанд, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудаанд. Дигарон тибқи нақшаи ҷойивазкунии муҳлатноки кадрҳо ва ба навбат дар минтақаҳои гуногун фаъолият кардану таҷриба андӯхтан ба вазифаҳои нав таъин гардиданд.

Зимнан, аз дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар доданд, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо судури як фармон Қаюмҷон Маҳмудовро аз вазифаи директори генералии КВД “Заря Востока” озод кард, ба вазифаи Директори генералии КВД “Востокредмет” таъин намуд. Ҳамчунин дар ҷои Қаюмҷон Маҳмудов ба вазифаи директори генералии КВД “Заря Востока” Зиёдулло Носиров таъин гардид. Аммо сабаби иваз намудани масъулони ин ширкатҳо шарҳ дода нашудааст. Дар ҳамин ҳол бар асоси як фармони дигари президенти Тоҷикистон, Мавлон Қазоқов ва Саноӣ Боев, намояндагони Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Бунёди байналмилалии «Наҷоти Арал» таъин шудаанд.
XS
SM
MD
LG