Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз шаҳрвандонаш хост, Яманро тарк кунанд


Вазорати умури хориҷии Амрико аз теъдоди муайяни кормандони сафораташ ва шаҳрвандони амрикоӣ дар Яман хостааст, фавран ин кишварро тарк кунанд, зеро эҳтимоли зиёди ҳамалоти террористӣ мавҷуд аст. Пеш аз ин ҳукумати Амрико намояндагиҳои дипломатиаш дар 19 кишвари Ховари Миёна ва Африқоро баст, чун гузориш шудааст, ки Айман ал-Завоҳирӣ, раҳбари Ал-қоида ба аъзои созмон дар Яман амр додааст, ки ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд. Дигар ин ки ба гуфтаи мақомоти Яман, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Иёлоти Муттаҳида дар вилояти Мариб дасти кам ду узви баландпояи Ал-Қоида кушта шудаанд. Фаронса, Бритониё, Олмон ва Норвегия ҳам кори баъзе аз намояндагиҳои дипломатиашон дар минтақаро муттавақиф кардаанд.
XS
SM
MD
LG