Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як мард бо иттиҳоми ҷосусӣ дар Эрон


Мақомоти Эрон як мардро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Исроил боздошт карданд. Хабаргузории Меҳр рӯзи душанбе иттилоъ дод, ин шахсе, ки ному насабаш ошкор нашудааст, дар ироаи ахбори маҳрамона ба атташеи низомии сафорати Исроил дар Таиланд айбдор мешавад. Бар пояи ин хабар, ин мард ҳангоми сафари дуввумборааш ба вилояти Кирмон, воқеъ дар ҷанубу ғарби Эрон, бо иттиҳоми ҷамъоварии иттилоъ дар бораи конҳои минтақа дастгир шудааст.

Мақомоти Эрон дар бораи кай боздошт шудани фарди гумонбар иттилоъ надодаанд, аммо гуфтанд, ки ӯ дар ҷосусӣ муттаҳам мешавад.

Бар пояи қавонини Эрон, муҷозоти ҷосусӣ ба манфиати дигар кишвар - ҳукми эъдом аст.
XS
SM
MD
LG