Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инсоният нахустин бор гӯшти сунъиро чашид


Нахустин гӯшти аз роҳи сунъӣ ҳосилшуда дар ҷаҳонро дар як нишасти хабарие дар Лондон чашидаанд. Гамбургерҳоеро, ки гӯшти онро дар шароити озмоишгоҳӣ аз ҳуҷайраҳои гов таҳия кардаанд, ду довталаб аз ҷумла Ҷош Шонвалд ошпази амрикоӣ чашиданд. Ӯ баъди озмоиш гуфт, “хӯрдани гӯшт эҳсос мешавад, аммо таъмаш фарқ дорад.” Пажӯҳишгарон барои ҳосил кардани гӯшти сунъӣ солҳо кор кардаанд ва барои гӯште, ки аз он гамбургер пухтаанд, 332 ҳазор доллар харҷ шудааст. Ба гуфтаи донишмандон, ҳосил кардани гӯшти сунъӣ метавонад, як роҳи дигари таъмини аҳолии афзояндаи курраи Замин бо гӯшт бошад, зеро ба фарқ аз парвариши чорво, ки ҳаворо олуда мекунад, безарар хоҳад буд. Бар асоси як пажӯҳиши Донишгоҳи Оксфорд, 18 дар сади газҳои гӯлхонаӣ аз ҳисоби парвариши чорво хориҷ мешавад ва барои чорвдорӣ 30 дар сади заминҳои қобили истифода дар ҷаҳонро ба кор мебаранд.
XS
SM
MD
LG