Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи нақши як ситораи азим дар биёбони Қазоқистон


Ба монанди биёбони Наска дар Перу, ки пур аз нақшҳои азими бостонист, дар Қазоқистон аз кайҳон нақши ситораи панҷгӯша дида шудааст.

Ситораи панҷгӯша дар як минтақаи тақрибан беодами Қазоқистон, дар соҳили ҷанубии Обанбори Тоболи Боло кашф шуда, бино бар харитаи Гугл дар 20-километрии шаҳраки Лисаковск воқеъ гаштааст. Дар ин минтақа даҳҳо ҳафриёти бостоншиносӣ ҷараён ёфта, аз он ёдгориҳои қарни биринҷӣ пайдо шудаанд.

Акси кайҳонии ситораи панҷгӯша, ки гирдашро доира печидааст, аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овард. Бархе онро “намозгоҳи пайравони шайтон” номидаанд ва бархи дигар паёме вомонда аз ниёкони дур. Қутри ин доира 366 метрро ташкил додааст, ки ба теъдоди рӯзҳои соли кабиса баробар аст. Соли муқаррарӣ 365 рӯз дорад.

Ин нукта ҳам гуфта мешавад, ки ситораи панҷгӯша ё пентаграм на танҳо хоси баъзе аз секта ва равияҳои шайтонпарастист, балки дар фарҳангу динҳои дигар низ истифода шудааст. Аз ҷумла дар тамаддуни Байнуннаҳрайн ё Мессопотамия ё аз тарафи пайравони математики Юнони қадим Пифагор, дар дини насронӣ ё созмони фримасонҳо ва ғайра.

Аммо бисёриҳо фаромӯш кардаанд, ки чанд даҳа пеш пентаграм яке аз рамзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Эмма Усмонова, бостоншиносе, ки дар Лисаковск ҳафриёт мегузронад, гуфтааст, ситораи панҷгӯшаи ин минтақа ҳеҷ рабте ба нақшҳои мазҳабӣ ё паёми гузаштагони дур надорад. “Ин тарҳи як парке буд, ки дар давраи Шӯравӣ кашида шуд ва корҳои аввалияи он ба иҷро расид. Мақсад ин буд, ки дарахтон ва роҳраву гулгаштҳои парк мебоист аз осмон ситораро намудор мекарданд.”

Воқеан чанд нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи акс гуфтаанд, ки он хоси замони Иттиҳоди шӯравӣ буд ва шояд аз он давра боқӣ мондааст. Тавре дар акс дида мешавад, то ҷое, ки дарахтҳо шинонда шудаанд, нақш ғафстару амиқтар ба чашм мехӯрад. Тарҳ то ба охир расонда нашуд. Соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам фурӯ пошид.
XS
SM
MD
LG