Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузории Қандаҳор 4 тан кушта шуданд


Дар бомбгузорие дар як бозори мол дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон дасти кам 4 нафар кушта шудаанд. Ҷовид Файсал, сухангӯи волии Қандаҳор, ба Радиои Озодӣ гуфт, бомби ҷогузоришуда дар ароба субҳи душанбе дар бозори Тахтапул таркидааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин таркиш ҳамчунин 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. То кунун касе масъулияти бомбгузориро бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG