Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон маросими савганди Ҳасан Рӯҳонӣ идома дорад


Дар Теҳрон маросими савганди Ҳасан Рӯҳонӣ ба унвони раиси ҷумҳури нави Эрон оғоз шудааст. Ин маросим дар порламони Эрон дар ҳузури вакилон ва ҳайатҳои намояндагии бештар аз 50 кишвар анҷом мегирад.

Рӯҳонӣ, ки дар интихоботи моҳи июни раёсати ҷумҳурӣ баранда шуд, рӯзи шанбе мавриди қабули оятулло Хоманеӣ қарор гирифт ва акнун дар ҳузури намояндагони порламон ва меҳмонони хориҷӣ зимоми қудратро ба даст мегирад.

Дар ин маросим Ҳавиер Солана-собиқ масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Афғонистон, Қазоқистону Туркманистон ва Покистон ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG