Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон созишномаҳо бо ИМА ва Бритониёро лағв кард


Дар пасманзари ошкор шудани барномаи ҷосусии Амрико дар Интернет ҳукумати Олмон гуфт, созишномаҳои ҳамкории иттилоотӣ бо Амрикову Бритониё аз замони Ҷанги Сардро беэътибор кардааст. Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон, рӯзи ҷумъа гуфт, бо назардошти авҷ гирифтани баҳсҳо доир ба ҳаққи ҳарими хусусӣ иқдоми кишвараш “зарурӣ ва муносиб” аст. Эдвард Сноуден, маъмури собиқи амнияти Амрико, ки барномаҳои азими ҷосусии кишвараш дар Интернетро ифшо кард, гуфтааст, ки Олмон дар заминаи ҷамъоварии иттилоот ба Амрико кӯмак мекунад. Бар асоси гузоришҳо, созишномаҳои Олмон бо Амрикову Бритониё охири солҳои 60-ум имзо шудааст ва бар асоси он Олмон иттилооти вобаста ба амнияти нерӯҳои Амрикову Бритониё дар қаламравашро ба ин ду кишвар медодааст.
XS
SM
MD
LG