Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди додани имтиёз ба кормандони минтақаҳои гарм ва баландкӯҳ


Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон бо таваҷҷуҳ ба иқлими гарми манотиқи ҷанубии Тоҷикистон аз мақомоти давлат хостааст, ҳаҷми маоши кормандони ниҳодҳои давлатиро, ки дар музофот дар шароити баландкӯҳ ва дар мавсими гармои шадид кор мекунанд, аз 5 то 15 дарсад афзун карда шавад.

Иброҳим Азизов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон, зимни шарҳи ин пешниҳод гуфт, фаъолияти пурмаҳсул кардан дар гармои шадиди минтақа ва навоҳии кӯҳистонии Хатлон сахт аст ва мақомоти давлатро мебояд, ки маоши моҳонаи кормандони муассисаҳоро дар минтақаҳои гарм ва ноҳияҳои кӯҳие назири Шӯроободу Балҷувон ба таври истисноӣ то 15 дарсад биафзояд.

«Вакилони хатлонӣ дар як ҷаласаи хоси Иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ се масъаларо ба миён гузоштем: зарурати ихтисоси имтиёз ба кормандоне, ки дар минтақаҳои иқлимашон аз ҳад гарм (мисли баъзе навоҳии вилояти Хатлон) ва хунук (мисли баъзе навоҳии Бадахшон), инчунин дар навоҳии баландкӯҳ ба кори пурмашаққат машғул мешаванд. Пешниҳод кардем, ки ин имтиёз дар шакли аз 5 то 15 фоиз боло бурдани ҳаҷми маоши кормандон дар ин манотиқ муқаррар карда шавад. Чунки бисёр мушкил аст дар чунин шароит кор кардан, масалан дар баландкӯҳ нафаскашӣ, анҷом додани корҳои ҷисмонӣ сахттар аст. Умедворам, ки ин пешниҳоди мо аз ҷониби мақомоти давлат дастгирӣ ёбад», - изҳор дошт И. Азизов.

Масъулони иттифоқҳои касабаи Хатлон мегӯянд, дар замони ҳукумати Шӯравӣ давлат ба кормандоне, ки дар ҳарорати болотар аз 40 дараҷаи селсий кор мекарданд, иловапулӣ дар маошашон таъин менамуд. Аммо ҳоло чунин имтиёз ба кормандон дода намешудааст.

Иброҳим Азизов афзуд, ки танҳо афроде, ки дар муассисаҳои давлатии навоҳии баландкӯҳе назири Шӯрообод кор мекунанд, 0,5 дарсади маоши моҳонаашонро иловатан ба ҳайси ҷубронпулӣ дарёфт мекунанд, ки маблағи ночиз аст.

Санам Рӯзиева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар беш аз 40 соли охир дар ин минтақаи табиатан гарми Тоҷикистон умр ба сар мебарад, аммо ҳанӯз ҳам организмаш ба ин ҳарорати баланди ҳаво мутобиқ нашуда, дар фасли тобистон анҷоми кори давлат барояш ба осонӣ даст намедиҳад:

«Фишорам баланд мешавад дар ин гармӣ. Ҳамеша бо худ дору гирифта ба кор меоям. «Глитсин», «папазол» ва боз як-ду намуди дигари дору ҳаст, ки аз онҳо истеъмол мекунам. Ҳаво, ки бисёр гарм аст, маҳсулнокии кор ҳам хоҳем-нахоҳем кам мешавад. Базӯр ба кор меоем».

Дар ҳамин ҳол ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав, дар 220-километрии ҷануби шаҳри Душанбе, низ ба пешниҳоди Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар мавриди ихтисоси имтиёзҳои вижа ба кормандоне, ки дар гармои шадид ба мардум хизмат мекунанд, ҳамовоз аст. Валӣ Ашӯров, раиси ин ноҳияи дурдасти марзӣ, мегӯяд, одатан ҳарорати ҳаво дар ин минтақа тобистонӣ ҳамеша болотар аз 40 дараҷа аст ва кор кардан дар ин гармои шадид барои бисёриҳо сахту сангин аст.

Вай афзуд: «Мо дастгирӣ мекунем ин андешаро, ки ба маоши ба кормандони идораҳои давлатии роҳсозӣ, коммуналӣ, хоҷагии об, кишоварзон як фоизи муайян иловапулӣ зам карда шавад. Чунки инҳо дар ҳарорати баланди ҳаво зери офтоб кор мекунанд аксаран, кӯча ба кӯча мегарданд. Кабинетнишинӣ намекунанд».

Валӣ Ашӯров гуфт, на ҳама идораҳо, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар ҳарорати баланди ҳаво шароити мусоид барои истироҳати кормандонашонро фароҳам оварда метавонанд. Аз ин рӯ, маоши кормандони риштаҳои алоҳида бояд қадре боло бурда шавад, то ҳавасмандии кор дар шароити иқлими номусоид дар онҳо пайдо гардад.

Дар ҳоле ки чанд рӯзи охири моҳи июл ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон то 50 дараҷа баланд шуда буд, муассисаи давлатии ҳавошиносии Тоҷикистон оид ба гармои шадиди ҳаво дар рӯзҳои 2 ва 5-уми август низ ҳушдори нав додааст. Дар навоҳии кӯҳӣ ҳам ҳаво ғайричашмдошт то 40 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ба сабаби болоравии ҳарорат дар ҷумҳурӣ хатари ба вуҷуд омадани сӯхторҳо, болоравии сатҳи оби дарёҳо, дар баландии 4000-4500 метр аз сатҳи баҳр эҳтимоли омадани сел пешгӯӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG