Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи сарсахти Назарбоевро боздошт карданд


Вакили дифоъаш мегӯяд, Мухтор Аблиёзов, як бонкдори қазоқро дар Фаронса боздошт кардаанд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Мухтор Аблиёзовро, нерӯҳои махсуси саропо мусаллаҳ дар хонае дар наздикии шаҳри Нис дастгир карда ва бурдаанд. Вакили дифоъи Аблиёзов афзуд, Фаронса дархости истирдоди ин бонкдори қазоқро дарёфт кардааст, вале маълум нест, ки дархост, аз Русия аст, Украина ва ё Қазоқистон. Мухтор Аблиёзов бонкдори собиқи сарватманд ва аз чеҳраҳои бонуфузи мухолифони давлати Қазоқистон соли 2009 аз ватанаш фирор кард ва дар Бритониё паноҳгоҳи сиёсӣ гирифт. Ӯро ба дуздии маблағҳои бузург дар Қазоқистон муттаҳам мекунанд. Чанде пеш зану духтари ӯро бо иттиҳоми иқомати ғайриқонунӣ аз қаламрави Итолиё ихроҷ карда, ба Қазоқистон бозгардониданд.

Мухтор Аблиёзов, ки ихтисосаш физик аст, соли 1998 бо фармони раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев, ба мақоми вазири энержӣ, саноат ва тиҷорати Қазоқистон таъйин шуд. Аммо бо гузашти чанд сол бо ин иддаъо ки ҳукумати Назарбоев фосид аст ҳаракати мухолифи давлатро таъсис дод аммо дер напоид ва бо иттиҳои тақаллуби молӣ ба 10 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Даҳ сол пеш, Мухтор Аблиёзов бо ин ваъда, ки аз сиёсат даст мекашад, аз зиндони бадномшудаи Державински Қазоқистон берун омад. Тоҷири сарватманди солҳои 90-ро, ки аз мухолифони давлат маҳсуб мешуд, барои тақаллуби молӣ ба 6 соли зиндон маҳкум карда буданд, аммо ӯ 10 моҳи ҳукмашро адо кард ва раҳо шуд.

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, Мухтор Аблиёзовро дар ивази даст кашидан аз сиёсат ва оромона машғул шудан ба тиҷорат авф кард. Вале Мухтор Аблиёзов ба аҳдаш содиқ намонд ва дар як даҳсолаи гузашта миллионҳо долларро барои кӯмак ба мухолифони давлат ва расонаҳои мустақили Қазоқистон харҷ кард, то аз ҳамин роҳ Нурсултон Назарбоевро, аз қудрат барканор кунад. Аз ҷумла рӯзномаи "Республика" ва телевизиони К+ аз расонаҳои мутаалиқи Аблиёзов хонда мешавад.

Баъди онки мақомоти Қазоқистон бонки БТА мутааллиқ ба Мухтор Аблиёзовро давлатӣ карданд, ӯ аз бими боздошт шудан ба Бритониё гурехт. Нурсултон Назарбоев ин рақиби сарсахташро ба дуздии 6 миллиард доллар муттаҳам кард ва давлати Қазоқистон ҳам барои собит кардани ин иддаъоҳо садҳо ҳазор долларро дар додгоҳҳои Бритониё харҷ кардааст.

Соли 2011 Бритониё бо назардошти омилҳои сиёсии таъқиби ин фарди сарватманди қазоқ ба ӯ паноҳандагии сиёсӣ дод. Аммо Мухтор Аблиёзов як сол баъд аз Бритониё гурехт, зеро ӯро барои ошкор накардани моликияташ дар додгоҳ ба зиндон маҳкум карданд. Баъда аз ин начандон пеш Додгоҳи Олии Лондон ҳукм кард, ки бонки БТА ҳақ дорад, молу сармояи Аблиёзовро мусодира карда ва аз ҳисоби он пули қарздорони бонкро баргардонад. Тайи чанд моҳи ахир теъдоде аз шарикони Аблиёзовро дар кишварҳои аврупоӣ дастгир карданд.
XS
SM
MD
LG