Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брэдлӣ Маннинг дар ҷосусӣ айбдор шуд


Бредлӣ Маннинг, як сарбози амрикоӣ, ки садҳо ҳазор санади махфии Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷанг дар Ироқу Афғонистонро дар ихтиёри торнамои Wikileaks гузошта буд, рӯзи сешанбе дар ҷосусӣ айбдор шуд. Аммо додгоҳ иттиҳоми аз ҳама сангин алайҳи ӯ - кӯмак ба душманони Амрикоро рад кард.

Додгоҳи Форт Мид дар аёлати Мериленд Маннингро дар маҷмӯъ дар 20 ҷиноят айбдор намуд. Бредлӣ Маннинг иқрор кард, ки асноди маҳрамонаро ба Wikileaks ироа кардааст ва аммо афзуд, ки ҳадафаш шурӯи баҳс дар ҷомеъа оид ба сиёсати берунаи ИМА буд. Гуфта мешавад, ки ба сарбози собиқ беш аз сад соли маҳбас таҳдид мекунад.Қарор аст, ки баррасии мавзӯи барои чанд сол маҳкум ба зиндон кардани Брэдли Маннинг рӯзи чаҳоршанбе шурӯъ шавад.
XS
SM
MD
LG