Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Сангинов: Кони Катта-Туз аз Тоҷикистон аст


Мақомоти Суғд мегӯянд, ки чоҳҳои нафту гази Катта-Туз ҳамчун моли Тоҷикистон дар қаламрави Қирғизистон баҳрабардорӣ мешуд.
Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси ҳукумати вилояти Суғд рӯзи 30 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари расонаҳои қирғиз дар мавриди гӯё ба юрисдиксияи Қирғизистон дароварда шудани чоҳҳои нафту гази Катта-Туз ё Қайроқчиқумро беасос шуморид: «Ҷониби Қирғизистон иддао дорад,ки ин чоҳҳо дар қаламрави он кишвар аст. Ин саҳеҳ нест, зеро аз гузашта ин қитъа замини Тоҷикистон буд ва чоҳҳо низ ҳамчун моли Тоҷикистон мавриди истифода қарор доштанд.» Ҷаноби Сангинов гуфт , ин чоҳҳои нафт то замони ташхис ва аломатгузории марзи ду кишвар моли Тоҷикистон хоҳанд монд.
Марзбонони қирғиз рӯзи 24 июн коргарони ширкати «Суғд петролеум»-ро аз Катта-Туз ронданд. Ин чоҳҳо аз соли 1974 дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дошт ва гуфта мешавад, ҳар рӯз аз ин қитъа то 5 тонна нафту 15 атмосфера газ истихроҷ мешуд.
XS
SM
MD
LG