Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори 1000 маҳбус аз як зиндони Либия


Мақомоти Либия мегӯянд, рӯзи шанбе бештар аз 1000 маҳбус аз зиндоне фирор кардаанд. Ба гуфтаи маъмурони амниятӣ, се маҳбус саъй кардаанд, аз зиндон бигурезанд ва посбонҳо ба сӯи онҳо тир андохтаанд. Аммо баъди ин зиндониёни Ал-Квейфия дар наздикии шаҳри Бенғозӣ, ошӯб бардошта дар дохили маҳбас оташ афрӯхтаанд. Бо паҳн шудани хабари ошӯб, афроди мусаллаҳ аз берун ба зиндон ҳамла бурда ва дар раҳоии хешовандашон аз зиндон кӯмак кардаанд. Ҳамчунин рӯзи шанбе тазоҳургарон дар саросари Либия ба ҳамла ба қароргоҳҳои созмони Ихвонулмуслимини ин кишвар аз қатли як фаъолони мухолифи ин созмон эътироз кардаанд. Тазоҳурот дар Либия аломати дигаре аз ноамнӣ дар ин кишвар аст, гурӯҳҳои мусаллаҳ дар он худсарӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG