Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти амрикоиҳо аз ҷанги Афғонистон коҳиш ёфтааст


Бар пояи як назарсанҷӣ, ки рӯзномаи Washington Post ва шабакаи хабарии ABC анҷом додаанд, ҳимояти амрикоиҳо аз маъмурияти низомии кишварашон дар Афғонистон коҳиш ёфтааст.

Тибқи ин назарсанҷӣ, ҳафтоду ду дарсади амрикоиҳо ҷанги Афғонистонро беарзиш медонанд ва танҳо бисту ҳашт дарсад аз он ҳимоят кардаанд.

Дар ин назарсанҷӣ, ки рӯзҳои 18-21 июл анҷом шуд, 1002 нафар ширкат карданд. Дар бахше аз ин назарсанҷӣ омадааст, ки ҳимояти мардуми Амрико аз амалиёти низомӣ дар Афғонистон танҳо аз моҳи март то моҳи июл 11 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар гузориши Вошингтон Пост чанд мавзӯъ зикр шудааст, ки омили коҳиши ҳимоят аз маъмурияти низомии Амрико дар Афғонистон дониста мешавад.

Нахуст, танишҳо миёни мақомоти амрикоӣ ва раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай, дувум ҳамлаҳои баҳорӣ ва тобистонии Толибон ва дар ниҳоят нокомӣ дар раванди сулҳи Афғонистон. Дар назарсанҷии монанд, ки дар моҳи март сурат гирифта буд, 60 дарсади амрикоиҳо ҷанги Афғонистоно бефоида хонда буданд.

Арқоми тоза дар мавриди ҳимоят аз маъмурияти Афғонистон дар ҳоле нашр мешавад, ки Конгресси Амрико будҷаи пешниҳодии раиси ҷумҳури ин кишвар Барак Обамаро барои амалиётҳо дар Афғонистон пазируфтааст.

Дар назарсанҷии ахир танҳо 40 дарсади амрикоиҳо гуфтаанд, ки ҷанги Афғонистон боиси амнияти дарозмуддати кишварашон шуда ва барои нахустин бор дар чаҳор соли гузашта ин шумора аз панҷоҳ дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин 53 дарсаде, ки дар ин назарсанҷӣ иштирок карданд, мегӯянд, ки шумораи зиёди нерӯҳои амрикоӣ, аммо на ҳамаи онҳо, бояд соли оянда Афғонистонро тарк кунанд, дар ҳоле ки 47 дарсади дигар ба ин боваранд, ки бояд тамоми сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон берун шаванд.

Дар оғози соли 2002 ва чанд моҳ пас аз ҳамлаҳои ёздаҳуми сентябр, беш аз 90 дарсади амрикоиҳо аз маъмуриятии низомии кишварашон дар Афғонистон ҳимоят карда буданд. Дар соли 2007 Вошингтон Пост ва шабакаи хабарии NBC назарсанҷии муштаракеро анҷом доданд, ки тибқи он 56 дарсад ба маъмурияти низомӣ дар Афғонистон назари мусбат доштанд ва аммо ҳоло ин арқом хеле поин рафтааст.

Яке аз омилҳои муҳими коҳиши ҳимоят аз маъмурияти низомӣ дар Афғонистон, талафоти нерӯҳои амрикоӣ ба ҳисоб меравад, зеро тибқи омори вазорати дифои Амрико, то нимаи моҳи июл 2248 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон кушта ва беш аз 19 ҳазор тани дигар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG