Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи қатор дар Испания ронанда айбдор мешавад


Полиси Испания ронандаи қатори мусофирбарро, ки рӯзи чаҳоршанбе аз масир бурун шуд, боздошт кард. Ба асари ин сонеҳа 78 нафар ба ҳалокат расиданд. Беш аз 160 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ронандаи қатор Франсиско Хосе Гарсони 52-сола дар ин ҳодиса ҷароҳат бардошт ва ҳоло зери назорати полис дар бемористон аст. Қарор аст, ки ӯ ба зудӣ мавриди пурсуҷӯ қарор гирад. Ба иттилои пешакӣ, сонеҳа бо айби ӯ рух додааст.

Тавре хабар дода будем, қатори мусофирбар ҳангоми вуруд ба шаҳри Сантяго-де-Компостела, маркази маъмурии Галисия, бо суръати ду баробар бештар аз суръати муқарраршуда ҳаракат мекард.

Рӯзи панҷшанбе нахуствазири Испания Мариано Рахой, шоҳ Хуан Карлос ва малика София аз ҷойи ҳодиса дидан карда ба аёдати осебдидагон рафтанд.

Дар Испания барои се рӯз мотам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG