Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсияҳои нави Созмони Милал ба Тоҷикистон


Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ҳарчӣ зудтар таҳқиқи қазияи марги ғайринизомиён дар амалиёт дар шаҳри Хоруғро анҷом дода ва гунаҳкоронро ҷазо диҳад ва ба хонаводаҳои қурбониёни бегуноҳ ҷуброн пардозад. Дар амалиёте, ки 24 июли соли 2012 ва баъди қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати Кумитаи Амнияти Миллӣ дар Вилояти Бадахшон сурат гирифт, 18 нафар аз ҳисоби мардуми осоишта ҷон додаанд. Кумита, ки чанде пеш гузориши ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳтироми ҳуқуқи сиёсӣ ва маданиро баррасӣ кард, ҳамчунин аз боздошти Зайд Саидов, вазири собиқи саноат изҳори нигаронӣ карда ва гуфтааст, ҳукумат бояд замонат диҳад, ки касе барои дигарандешии сиёсӣ таъқиб намешавад. Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал аз давлати Тоҷикистон хостааст, замонат диҳад, ки муҳокимаи Зайд Саидов аз мубтакирони таъсиси ҳизби Тоҷикистон нав одилона ва боз сурат мегирад. Дар хулосаҳои 7 саҳифагии аъзои кумита ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон хоста шудааст, ки ба азияту шиканҷа дар зиндонҳо хотима диҳад ва монеъи хушунату зӯроварӣ нисбат ба занон шавад, ки ба як амри маъмулӣ дар кишвар табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG