Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи пурсарусадое дар Амрико поён меёбад


Муҳокимаи Бредли Манинг сарбози амрикоӣ, ки ӯро ба ифшои бесобиқаи иттилооти сиррии зиёд муттаҳам мекунанд, ба поёни худ наздик мешавад. Рӯзи панҷшанбе додситонҳо гуфтанд, ки Бредли Манинг ба хотири шӯҳратёбӣ санадҳои махфии ҷанг дар Ироқу Афғонистонро ифшо ва ҳамингуна ба боварии мардуми кишвараш хиёнат кардааст. Бредли Манинги 25-соларо барои дар ихтиёри торнамои Викиликс қарор додани 700 ҳазор санад бар асоси 21 банд, аз ҷумла кӯмак ба душманони Амрико муттаҳам мекунанд ва дар сурати собит шудани ин иттиҳом ӯро метавонанд ба ҳабси якумрӣ маҳкум кунанд. Бредли Манингро моҳи майи соли 2010 ҳангоми хидмат дар Ироқ боздошт карданд. Вакилони дифоъи Бредли Манинг, ӯро қаблан фарди хайрхоҳ, вале ҷавони нопухта хонда буданд.
XS
SM
MD
LG