Бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳ дар шимолу ғарби Покистон як афсари аршади полис маҷрӯҳ ва муҳофизу ронандаи ӯ кушта шуданд. Рӯзи панҷшанбе масъулини полис ва табибони бемористони шаҳри Пешовар, маркази вилояти Хайбар-Пахтунхва, гуфтанд, силоҳбадастони ношинос ба Гул Валӣ Хон, муовини фармондеҳи полиси марзӣ, дар ҳоле ҳамла карданд, ки ӯ савори мошин ба кор мерафт. Ба гуфтаи табибон, вазъи Гул Валӣ Хон, ки ба ӯ се тир расидааст, вахим боқӣ мемонад.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи толибони Покистон кардаанд, ки дар Хайбар-Пахтунхва ва манотиқи ҳамсояи қабоилнишин мустақаранд.
Масъулияти ҳамларо ҳанӯз гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомот ангушти иттиҳом сӯи толибони Покистон кардаанд, ки дар Хайбар-Пахтунхва ва манотиқи ҳамсояи қабоилнишин мустақаранд.