Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карнӣ: ИМА хостори тавзеҳи Маскав хоҳад шуд


Эдвард Сноуден
Эдвард Сноуден
ИМА дар робита ба ҳама гуна тағйири мақоми корманди собиқи Оҷонси амнияти миллии Амрико Эдвард Сноуден хостори тавзеҳоти Маскав хоҳад шуд. Сухангӯи Кохи Сафед Ҷей Карнӣ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки мавқеи Вошингтон дар мавриди ин қазия тағйир нахӯрдааст – Сноуден, ки иттилои маҳрамонаро ошкор кардааст,бояд ба Амрико истирдод шавад. Ӯ афзудааст, ҳанӯз маълум нест, ки ироаи мақоми паноҳандагии Русия ба Сноуден ба сафари тарҳрезишудаи Барак Обама ба Маскав таъсире хоҳад гузошт ё хайр.Қарор аст, ки ин сафар моҳи сентябр сурат гирад.

Рӯзи чаҳоршанбе вакили мудофеъи рус Анатолий Кучерена баъд аз мулоқот бо Эдвард Сноуден дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметевои Маскав гуфт, ки Сноуден мехоҳад дар Русия зиндагӣ кунад, вале баррасии дархосташ ҳанӯз такмил нашудааст. Бархе расонаҳо навиштаанд, раванди расмии баррасии дархости паноҳандагии Сноуден аз сӯи мақомоти Русия шурӯъ шуда ва аз ӯ ҳатто изи ангушт ҳам гирифтаанд.

Эдвард Сноуден, ки аз 23 июн дар минтақаи транзитии Шереметево дармондааст, чанд рӯз пеш хостори паноҳандагии муваққат дар Русия шуда буд.
XS
SM
MD
LG