Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаҳои Хоруғ ҳанӯз аз ёди кӯдакон нарафтааст


Нооромии як соли пеш дар Хоруғ ба кӯдакон низ осеби ҷуброннопазири равонӣ расонд. Бархе аз онҳо бо вуҷуди гузашти як сол ҳам то хурдтарин ҷузъиёти ин ҳодисаро, ки шоҳидаш будаанд, дар хотир доранд.

Ясмини Умед, духтараки 9 сола, ки соли гузашта дар минтақаи аслии даргирӣ дар маҳаллаи УПД-и Хоруғ буд, дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, то ба имрӯз низ тарс аз дили ӯ берун нарафтааст ва гоҳҳо ҳамин саҳнаҳои ҷангро дар хоб низ мебинад. Ӯ бо ёдоварӣ аз рӯзи 24 -уми июли соли гузашта мегӯяд, вай он субҳ аз садои баланди тирандозӣ бедор шудааст.

Ясмин қисса мекунад, «мо дар хоб будем, ки тирпаронӣ сар шуд, тарсида бедор шудем. Як чанд соат тир заданд. Баъд милисаҳо омаданду дар пеши хонаи мо ҷанг карданд. Вақте бо граната заданд, садояш хеле баланд буд. Магазинҳоро тир заданду сӯзонданд. Тир ба тирезаи мо расиду тиреза шикаст. Мо дар як кунҷаки хона пинҳон шудем. Баъди чанд вақт тағоям як бачаеро, ки ҳамсоли мо буд ба хона овард, тир дар гурдааш расидагӣ буд. Саҳар шуд ва ин бача тоқат накарда мурд. Мо бисёр тарсидем. Боз як мардаки дигарро дар пешонияш тир заданд. Модарам тарсид, ки бо бибиям ҳам чунин нашавад.»

Аз рӯи нақли Ясмин, модар ва бибияш, ӯ ва чанд кӯдаки дигари ҳамсояро аз бими он, ки дар зери тир намонанд, дар ҳаммом пинҳон намуда, шабона дар зери миз мехобонданд. Аммо бо ин ҳама бузургсолон натавонистаанд онҳоро аз ваҳшати ҷанг эмин бидоранд, Зеро ба гуфтаи Ясмин, ӯ бо чашмонаш куштаеро дар даромадгоҳи манзил дидааст.

Ясмин дар идомаи сӯҳбат гуфт, «ҳама ҳамсояҳоямон аз Хоруғ рафтанд. Очаам баъди он, ки мурдаҳоро дид, чанд бор беҳуш шуд. Баъди як чанд рӯз дидем, ки ҳамаи одамон бо байрақи сафед дар кӯча буданд. Заминҷунбӣ шуд ва мо ба берун баромадем. Дар он ҷо як бачаро гӯр карда буданд ва тағоям ба ман гуфт, ки ба он сӯ наравам. Хеле тарсида хона даромадем.»

Ҳангоме, ки Ясмин сӯҳбат мекард, маълум буд, ки ҳароси ҷанг ва он рӯзҳои даҳшатбор ҳанӯз аз дилаш нарафтааст. Ба ҳангоми суханронӣ аз ҳаяҷони зиёд калимаҳо дар забонаш мепечанд ва ҳатто ашк низ гулӯгираш мекунад. Вай мегӯяд, «ҳоло ҳам дар ёди ман тирзанӣ меояд, ман намехоҳам, ки ҷанг сар шавад.»

Дар ҳамин ҳол, Заррина Кенҷаева, равоншиноси тоҷик мегӯяд, агар кӯдакон шоҳиди бевосита амалиёти низомӣ гашта ва дар дохили ҳодиса қарор дошта бошанд, хатари вайрон шудани хусусиятҳои фардии онҳо вуҷуд дорад: «Албатта таъсири чунин ҳодисаҳо ба ҳолати эмосаналии фардии ҳар як кӯдак вобастагӣ дорад. Баъзе кӯдаконе ҳастанд, ки қайсаронаву шахшӯл калон шудаанд ва таъсири воқеаҳоро осонтар мегузаронанд. Аммо кӯдаконе, ки ҳолати эмосионалии суст доранд, ҳатто метавонанд ба худкушӣ даст зананд.»

Ба гуфтаи Заррина Кенҷаева, барои баровардан аз ин ҳолати ҳаяҷону эҳсосот, муолиҷаи равонӣ барои кӯдакон ногузир аст. Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки дар шаҳри Хоруғ чунин равоншиносоне, ки дарду алам ва шоки равониро аз умқи вуҷуди ин кӯдакон берун оранд, нестанд.

Зимнан, амалиёти низомӣ дар Хоруғ дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров 24-уми июли соли 2012 оғоз шуда буд. Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман Райтс Вотч бо гузашти тақрибан як сол аз ҳодисаҳои Хоруғ мегӯяд, дар ин ноамниҳо 20 сокини осоишта ҷони худро аз даст дода буданд. Агарчӣ ба қавли ин созмон, мақомоти расмӣ теъдоди қурбониёни ин амалиёт аз ҳисоби сокинони осоиштаро ҳамагӣ шаш нафар донистаанд.
XS
SM
MD
LG