Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо дар Бадахшон барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ


Мақомоти Бадахшон аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, муқаррароти сафар ба кӯли Сарезро барои сайёҳони хориҷӣ соддатар кунад.Раиси вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим гуфт, онҳо дар як номаи расмӣ хостаанд, хаққи додани муҷавизи сафари Сарезро аз кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ба ситоди вилоятии ин кумита вогузор кунанд. Ба бовари мақомоти вилоят, содда кардани тартиби иҷозатномадиҳӣ ба ҷалби бештари сайёҳон ба ин кӯл мусоидат мекунад. Қодири Қосим гуфт: “Сайёҳ омад ба вилоят, иҷозат гирифт, биравад. Умуман, рушди соҳаи туризм дар вилоят мушкилоти зиёд дорад, ин гирифтани иҷозатномаи дуюмбора, воридшавӣ ба ҳудуди мамнӯгоҳи Зоркӯл, Парки миллӣ ва ғайраву ғайра.”
Ширкатҳои сайёҳӣ шикоят доранд, ки маҳдудиятҳо дар роҳи сафари хориҷиён ба Сарез боиси аз як манбаъи умдаи даромад маҳрум шудани ин ширкатҳо ва сокинони атрофи кӯл мешавад.
Раиси Бадахшон ҳамчунин гуфт, бо назардошти афзоиши аҳамияти тиҷоратии роҳҳои Бадахшон дар марҳилаи аввали таҷдиди роҳи Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма дар ду соли оянда 42 пул сохта ваё навсозӣ мешаванд: “Барои 150 миллион доллар лозим аст. Ин купрукҳо то ҳол тавони бардоштани то 25 тонна борро доштанд, ҳозир бояд то 70 тоннаро бардоранд.”
Яке аз ин пулҳои бузург, қарор аст, ду қисмати Хоруғро ба ҳам бипайвандад.
XS
SM
MD
LG