Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Ҳизбуллоҳ дар нишасти Иттиҳодияи Аврупо


Қарор аст, имрӯз вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо масъалаи ба феҳрасти созмонҳои террористӣ ворид кардани шохаи низомии гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнонро баррасӣ кунанд. Чунин қарор роҳро барои таҳрими Ҳизбуллоҳ аз тарафи Иттиҳодияи Аврупо боз мекунад. Барои қабули чунин бояд, ризоияти ҳамаи 28 узви Иттиҳодияи Аврупо ба даст оварда шавад, ҳарчанд баъзе аз ин кишвар мухолифи ворид кардани шохаи низомии Ҳизбуллоҳ ба феҳрасти созмонҳои террористӣ будаанд. Гурӯҳи шиъамазҳаби Ҳизбуллоҳи Лубнон, ки бо Эрон иртиботи наздик дорад, дар бомбгузории соли гузашта дар Булғористон муттаҳам дониста мешавад, агарчӣ созмон ин иддаоҳоро рад кардааст. Дар он бомбгузорӣ 5 сайёҳи исроилӣ кушта шуданд. Созмони Ҳизбуллоҳ ҳамчунин ба ҳукумати Сурия дар ҷанг ба зидди шӯришиён кӯмак кардааст, ки Фаронсаву Олмон аз онҳо ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG