Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 27 узви гурӯҳҳои террористӣ дар шаш моҳ


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти 27 узви гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ дар қаламарави кишвар хабар дод. Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 19-уми июл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ 12 нафар аз аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, 11 узви ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 тан аз аъзои Ҷундуллоҳ ва 1 нафар аз Ҳизбиуттаҳрир боздошт шудаанд".

Ҷаноби Раҳимов мегӯяд, ки дар ин муддат чаҳор нафар аз аъзои гуруҳи Мулло Абдулло боздошт шудаанд, ки дар содир кардани 11 ҷиноят даст доранд.

Ҳамзамон вазири корҳои дохилӣ аз афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ кард ва афзуд, ки дар ин муддат мизони ҷинояткорӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 10 дарсад афзудааст.

Зеро ба таъкиди генерал Раҳимов, дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ 10361 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузата 957 ҷиноят бештар аст. Ҳамчунин вазири вуқӯи садамаҳои нақлиётиро низ ташвишовар арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи вай, дар ҳудуди Тоҷикистон дар шаш моҳи соли ҷорӣ 596 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 191 нафар фавтида ва 655 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вазир бо ишора ба мизони ҷинояткорӣ аз вазъи ин падида дар миқёни наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ кард.

Ба таъкиди вазири корҳои дохилӣ, дар нимаи нахусти соли ҷорӣ 457 ҷиноят аз сӯи наврасону ҷавонон содир шудааст, ки дар муқоиса ба шаш моҳи соли пеш 32 дар сад бештар аст.
XS
SM
MD
LG