Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди хабари боздошти "Қорӣ Восит"


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон хабари боздошт ва истирдоди Восит Абдулатифов, мулаққаб ба "Қорӣ Восит", аз фармондеҳони пешини мухолифон ба кишварро "ҳангомаи расонаҳо" унвон кард.

Оқои Раҳимов, имрӯз, ҷумъаи 19-уми июл зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, "ин фард дар кофтуков қарор дорад ва то кунун дастгир нашудааст." Генерал Раҳимов афзуд, ки нашри чунин хабаре "ҳангомаи расонаҳо" аст.

Наздикони Қорӣ Восит иддао доранд, ӯ дар яке аз бӯстонсароҳои ноҳияи Городишинои Волгоград зиндагӣ мекард ва рӯзи 20-уми октябр аз тарафи як гурӯҳ афроди мусаллаҳи ношинос рабуда шуд.

Аммо ба муроҷиати расмии вакили мудофеи Қорӣ Восит ҳам Кумитаи амнияти миллӣ ва ҳам Додситонии кулли Тоҷикисон расман посух доданд, ки Абдулвосит Латифов ба Тоҷикистон интиқол дода нашудааст ва дар кадом пинҳонгоҳи вазорати умури дохила ва ё кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ намешавад.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, иттиҳомот алайҳи Абдулвосит Латипов асосан ба даврони баъд аз авфи соли 1999 рабт доранд. Қорӣ Восит аз рӯи моддаҳои 131 (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ), 181 (гаравгонгирӣ), 250 (тамаъҷӯӣ) ва 310 (таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мешавад.

XS
SM
MD
LG