Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни интихоботи Афғонистон тағйир ёфт


Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай тағйиру илова ба қонуни интихоботи ин кишварро тасдиқ намуд, ки бар пояи он дар интихоботи президентии соли оянда намояндагони хориҷии СММ дар ниҳоди нозири интихобот ҳузур нахоҳанд дошт.

Рӯзи душанбе комиссияи парламентии иборат аз 14 нафар ин лоиҳаро тасдиқ карда буд.

Қонуни нав ҳам Комиссияи шикоятҳои интихобтиро бетағйир гузошт. Ин ниҳод дар интихоботи президентии соли 2009-ум тақаллуби густардаро ошкор карда буд.

Қаблан президент Карзай талаб карда буд, ду намояндаи хориҷӣ, ки СММ ба комиссияи интихоботӣ шомил мекунад, аз сафҳои он ихроҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG