Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден аз Русия паноҳгоҳи муваққати сиёсӣ хост


 Эдвард Сноуден дар фурудгоҳи Шереметево
Эдвард Сноуден дар фурудгоҳи Шереметево
Вакили мудофиаи рус, ки бо Эдвард Сноуден вохӯрда буд, мегӯяд, номбурда аз Русия паноҳгоҳи муваққати сиёсӣ дархост намудааст.

Собиқ ходими қарордодии идораи ҷосусии ИМА Эдвард Сноуден бо ифшои барномаҳои пинҳонии назорати ҳукумати ИМА муттаҳам мешавад.

Хабаргузориҳо аз ҳуқуқшинос Анатолий Кучерена иқтибос овардаанд, ки рӯзи сешанбе Сноуден аз идораи муҳоҷирати Русия воқеъ дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав паноҳгоҳи муваққати сиёсӣ талаб кард.

Сноуден 23-уми июн баъди ифшои асрори барномаҳои амрикоӣ аз Ҳонг Конг ба Маскав сафар карда, то ҳол дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметево ба сар мебарад.

Рӯзи ҷумъа Сноуден ҳомиёни ҳуқуқро даъват намуда, гуфт, мехоҳад ҳаққи паноҳандагии муваққати сиёсӣ дар Русияро ба даст орад, то баъд тавонад ба яке аз се кишвари Амрикои лотинӣ, ки ҳозиранд ӯро ба таври доимӣ ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ қабул кунанд, сафар намояд.
XS
SM
MD
LG