Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шарқи Афғонистон се нафарро ҳалок намуданд


Дар натиҷаи ду ҳамлаи ҷудогона дар шарқи Афғонистон як сарбози НАТО ва ду афғон ба ҳалокат расиданд.

Нерӯҳои байналмилалии зери раҳбари паймони НАТО изҳор намудаанд, ки рӯзи сешанбе бар асари ҳамлаи мустақим дар шарқи Афғонистон як сарбози паймон ҷон дод.

НАТО тафсилоти бештар надодааст. Рӯзи сешанбе сухангӯи полиси вилояти Нангарҳор Ҳазрат Ҳусайн гуфт, ки дар натиҷаи таркиши як велосипеди саршор аз маводи тарканда дар шаҳри Ҷалолобод як афсари полис ва як афсари амниятӣ кушта шуданд.

Аммо сухангӯи волии Нангарҳор Зиё Абдулзай гуфт, ҳамла ҳаёти ду фарди мулкиро аз байн бурд. Касе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG