Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мақоми амрикоӣ ба Миср


 Вилям Бурнс
Вилям Бурнс
Муовини котиби давлатии ИМА Вилям Бурнс мегӯяд, Вашингтон аз раҳбарони низомии Миср даъват кардааст, ки ҳабсҳои сиёсиро хотима бахшанд.

Рӯзи душанбе дар Қоҳира баъди мулоқот бо президенти муваққати Миср Адлӣ Мансур ва вазири мудофиаи ин кишвар Абдулфаттоҳ Ас-Сиссӣ Бурнс илова кард, ки Вашингтон ба муваффақият ва рушди демократии Миср содиқ аст ва ояндаи ин кишвар танҳо ба дасти мардуми Миср мебошад.

Мақоми амрикоӣ афзуд, Вашингтон аз ҳуқуқи башар ва ҳокимияти қонун пуштибонӣ намуда, тарафдори ягон шахсияти алоҳида ва ё ҳизб нест.

Бурнс аввалин мансабдори баландпояи амрикоӣ мебошад, ки баъди барканории президенти Миср Муҳаммад Мурсӣ дар таърихи 3-уми июл аз ин кишвар зиёрат кард.

Мулоқоти Бурнс бо раҳбарони Миср рӯзи сешанбе идома меёбад.
XS
SM
MD
LG