Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден то ҳол паноҳгоҳ талаб накардааст


Эдвард Сноуден дар фурудгоҳи Маскав
Эдвард Сноуден дар фурудгоҳи Маскав
Мақомоти Русия мегӯянд, то ҳол аз номи Эдвард Сноуден дархости катбии паноҳандагии сиёсӣ дастрас накардаанд.

Владимир Волох, раиси шӯъбаи равобит бо ҷомеаи хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, рӯзи душанбе ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки агар чунин дархост ба онҳо расад, он дар давоми шаш моҳ ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Сноуден, ки собиқ ходими идораи ҷосусии ИМА мебошад, бо ифшои барномаҳои пинҳонии назорати ИМА муттаҳам дониста мешавад. Ӯ се ҳафта инҷониб дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Шереметевои Маскав ба сар мебарад.

Рӯзи 12-уми июл Сноуден бо ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия мулоқот кард. Сноуден гуфт, ки аз 21 кишвар дархости паноҳгоҳи сиёсӣ кардааст, вале аксари мамолик дархости ӯро рад кардаанд.

Ба қавли Сноуден Боливия, Никарагуа ва Венесуэла ризоят додаанд, ки ба ӯ паноҳгоҳи доимӣ диҳанд, вале ИМА шиносномаи ӯро лағв кардааст ва аз ин рӯ, ӯ наметавонад ба ин кишварҳо сафар кунад.
XS
SM
MD
LG