Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ тарафдори ҳамкорӣ бо парламенти Эрон аст


 Президенти мунтахаби Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ
Президенти мунтахаби Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ
Президенти мунтахаби Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ваъда додааст, ки бо парламенти ин кишвар ҳамкории зич раҳандозӣ хоҳад кард.

Президенти феълии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод борҳо бо вакилони парламенти ин кишвар ҷанҷол намудааст.

Рӯзи якшанбе дар паёме ба вакилони мардумӣ Рӯҳонӣ гуфт, маъмурияти зери раҳбарии ӯ дар фикри низоъ бо парламент нахоҳад буд.

Дар даври дуюми раёсатҷумҳуриаш Маҳмуди Аҳмадинажод раиси парламент Алии Лориҷониро бо фасод ва сӯиистифода аз қудрат муттаҳам кард.

Лориҷонӣ бошад, корҳои Аҳмадинажодро бо аъмоли шабеҳи мафия қиёс намуд.

Рӯҳонӣ бо 51 дар сади овозҳо дар интихоботи президентии 14-уми июн пирӯз шуд. Маросими савгандёдкунии Рӯҳонӣ 3-уми август доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG