Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи Подолск ду тоҷик низ осеб дидаанд


Дар садамаи фоеҷеабори Подолски Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон осеб дидаанд. Малоҳат Назирова, корманди дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 15 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар садамаи автомобилӣ дар ноҳияи Подолски вилояти Маскав, ки 18 кушта ба ҷой гузошт, ду шаҳрванди Тоҷикистон низ ҷароҳати вазнин бардоштаанд. Дар ин фалокат сокинони шаҳри Кӯлоб Анвари Қудратуллои 23- сола ва Беҳрӯз Эгамови 26-сола ҷароҳат бардошта, феълан дар шӯъбаи бемориҳои равонии беморхонаи Маскав бистарӣ мебошанд. Вазъи саломатии онҳоро пизишкони беморхона қаноатбахш арзёбӣ кардаанд.
Садамаи автомобилӣ рӯзи шанбе, 13 июл дар наздикии деҳаи Ознобишинои ноҳияи Подолск рух дод. Бар асари бархӯрди як КамАЗи ҳомили шағал ба автобуси мусофирбар, ки аз зарби он автобус дунима шуд, 18 нафар ҷобаҷо кушта шуда, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG