Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони тоҷику қирғиз ҳамкориҳоро баррасӣ карданд


Ҳамроҳхон Зарифӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ
Дар ҷараёни боздиди худ аз Қирғизистон Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо Эрлан Абдилдаев-вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон мулоқот кард. Дар ин мулоқот ҳамкориҳо дар бахши нақлиёту мухобирот ва масъалаҳои марзӣ баррасӣ шуд.

Ҳар ду ҷониб дар мулоқот ба тавофуқ расиданд, ки дар сатҳҳои гуногун ҳайатҳои ду ҷониб мунтазам бо ҳам мулоқот кунанд ва масъалаҳои зарурии ҳамкориро баррасӣ намоянд.

Мулоқоти ду вазир дар ҳоле анҷом гирифтаасст, ки баҳори соли ҷорӣ дар манотиқи марзии ду кишвар миёни аҳолии ду ҷониб барои роҳу замин норизоятиҳо пеш омада буд ва барои ҳали ин масъалҳо аз ду ҷониб кумиссиюнҳои махсус ташкил шудааст. Ҷаласаи ахири ин кумиссиюни муштарак дар аввали ҳамин ҳафта дар Хуҷанд баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG