Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони СҲШ дар Чолпон Атаи Қирғизистон мулоқот карданд


Сергей Лавров
Сергей Лавров
Дар Чолпон Атаи ё Иссиқ Кӯли Қирғизистон мулоқоти вазирони хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ба поён расид. Дар ин созмон Қазоқистону Қирғизистон, Чину Русия ва Тоҷикистону Узбакистон узвият доранд.

Вазирони хориҷӣ баъзе аз асноди ҳамкориро барои баррасӣ дар мулоқоти раҳбарони ин кишварҳо ҳамоҳанг карданд. Яке аз ин аснод барномаи фаъолият барои солҳои 2013-2017 мебошад.

Қарор аст мулоқоти раҳбарони кишварҳои узв 13 сентябр баргузор шавад. Сергей Лавров-вазири хориҷии Русия дар Чолпон Ата дар поёни мулоқот ба рӯзноманигорон гуфт, барномаи мулоқоти раҳбарон ҳамкориҳои сисёсӣ, амният ва бахшҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.

Ба гуфтаи Лавров, Эъломияи Бишкек яке дигар аз асноди муҳим ба шумор меравад, ки ширкаткунандагони мулоқот ба баррасӣ гирифтаанд. Дар он чигунагии бархурди кишварҳои узв ба вазъ дар қаламрави Созмони Ҳамкории Шонгҳой, Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва барномаҳои ҳастаии Эрон муайян шудааст.
XS
SM
MD
LG