Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давлат Усмон: "Ман аз сиёсат дур шудаам"


Собиқ номзад ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар интихоботи соли 1999, Давлат Усмон дар нишасти навбатии Бунёди "Муколамаи тамаддунҳо" дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди пешбарии номзадиаш ба мақоми раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт: «Ман ҳоло дар ҳеҷ гуна ҷаласаҳои сисёсӣ ширкат намекунам. Дар вохӯрии ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони алоҳида, ки дар Маскав шуд ман ширкат надоштам ва даъват ҳам нашудам. Узви ягон ҳизб ҳам нестам ва ба саҳнаи сиёсӣ ворид шуданӣ нестам». Ҷаноби Усмон ҳамчунин афзуд, ки шаш моҳ мешавад берун аз Тоҷикистон қарор дошт ва аз ҳаводиси дохили кишвар чандон огоҳии пурра надорад ва дар мавриди интихоботи қарибулвуқуи президентӣ низ чизе гуфта наметавонад.

Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо» дар таърихи 6-уми ноябри соли гузашта аз ҷониби профессор Иброҳим Усмонов бо ҳадафи таҳқиқи ҳодисаҳое, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимати сиёсӣ ба амал омаданд ва омӯзиши муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, таъсис дода шудаааст. Дар доираи суҳбату гуфтугӯҳои Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо», шахсиятҳои шинохта ба мисли Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва нахустин сафири Тоҷикистон дар Туркманистон, Талбак Назаров, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Абдумаҷид Достиев,собиқ муовини Комиссияи оштии миллӣ ва ҳоло сафири Тоҷикистон дар Русия, ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG