Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Миср ҳукумати муваққатро муаррифӣ кард


 Адлӣ Мансур
Адлӣ Мансур
Раҳбари муваққати Миср Адлӣ Мансур аъзои ҳукумати давраи гузаришро муаррифӣ кард.

Рӯзи сешанбе Мансур гуфт, ки собиқ вазири молия Ҳозим ал-Бабловӣ (حازم عبد العزيز الببلاوي)сарвазири кишвар хоҳад буд.

Собиқ раиси Агентии нерӯи ҳастаӣ Муҳаммад Ал-Бародаъӣ (محمد مصطفى البرادعى‎) курсии ноиб-президентро ишғол намуда, масъули сиёсати хориҷӣ хоҳад буд.

Ҳизби салафии Нур гуфтааст, ки аз номзадии ал-Бабловӣ пуштибонӣ мекунад, вале номзадии ал-Бародаъӣ ба омӯзиши бештар ниёз дорад.

Мансур даъват кардааст, ки дар Миср сарқонуни нав қабул шуда, интихоботи нав доир гардад.

Вале ҷунбиши Ихвонулмуслимин ин пешниҳодро рад кард. Ҳафтаи гузашта низомиёни Миср президенти исломгарои Миср Муҳаммад Мурсиро барканор карда, амали сарқонуни ин кишварро мутаваққиф намуданд. Тарафдорони Мурсӣ ва муттафиқони онҳо мегӯянд, ки эътирозҳояшонро идома хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG