Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи беш аз 500 донишҷӯи Донишкадаи молия ва иқтисод


Раҳматулло Мирбобоев, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Точикистон рӯзи 9 июл дар нишасти матбуотии ин мактаби олӣ гуфт, "дар давоми нимсолаи дуюми соли тахсил дар ин донишкада 515 нафар донишчуён хориҷ карда шуданд, ки ин нисбат ба соли пеш ду маротиба бештар аст." Ҷаноби Мирбобоев афзуд, онҳо асосан ба далели вайрон кардани тартибот, дарсшиканӣ ва напардохтани маблағи шартнома ихроҷ шудаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи Мирбобоев, дар пайи шикояти донишҷӯён се устоди Донишкадаи молия ва иқтисод бо иттиҳоми ришвахорӣ низ аз кор ронда шудаанд.

Дар донишкадаи молия ва иқтисод, собиқ Донишкадаи андоз, беш аз 6100 донишҷӯ таҳсил мекунад. Имсол донишкада ният дорад, то ҳудуди 1400 нафар донишҷуро қабул кунад. Аммо, ба гуфтаи раҳбарияти донишкада, қабули довталабон нисбат соле пеш коҳиш ёфта ва дар назар аст, ки дар оянда ҳам шумори довталабон камтар карда шавад. Мақомоти ин мактаби олӣ гуфтаанд, ҳоло бештар ба сифати таҳсил бартарӣ медиҳанд, то ба теъдоди донишҷӯ.
XS
SM
MD
LG