Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи "Қарабоғ" ба Бадахшон сафар кард


Гурӯҳи ҳунарии Қаробоғ аз Озарбойҷон дар чорчӯби ҷашнвораи Боми Ҷаҳон ба ҳунарнамонди ҷавони шаҳри Хоруғ дарси ҳунар медиҳад.

Хабаргузориҳои озарӣ иттилоъ додаанд, ки ҳунармандони маъруфи озарӣ Мансум Иброҳимов ва Айтан Муҳаррамова дар баробари овозхонӣ ба ҷавонони Бадахшон дарси ҳунар дода, ҳамчунон дар бораи анъанаҳо, мусиқӣ ва фарҳанги Озарбойҷон маълумот медиҳанд.

Ҷашнвораи панҷуми “Боми Ҷаҳон” рӯзи ҷумъаи панҷуми июл дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ ёфт.
Дар ин базми ҳунар, ки бо ташаббуси маркази фарҳангии "Бохтар", Бунёди Оғохон, Барномаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ ё ЮНЕСКО ва Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ доир мешавад, ҳайатҳо аз Афғонистон, Эрон, Покистон, Озарбойҷон ва Амрико ширкат доранд.

Ҳамчунин дар ин ҷашнвораи байналмилалии мусиқӣ, ҳунар ва туризм беш аз 50 созмони иҷтимоии Тоҷикистон, ба хусус минтақаи Бадахшон маҳсули ҳунарии худро ба маърази тамошо мегузоранд.
XS
SM
MD
LG