Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи бабрҳо дар Суматра


 Бабри Суматра дар боғи ҳайвоноти шаҳри Сидней
Бабри Суматра дар боғи ҳайвоноти шаҳри Сидней
Полиси Индонезия мегӯяд, гурӯҳҳои наҷот дар парки миллии кӯҳи Леузери ҷазираи Суматра панҷ мардеро ҷустуҷӯ доранд, ки аз рӯзи панҷшанбе ба ин тараф дар болои дарахтҳо аз бабрҳо паноҳ ёфтаанд.

Ин гурӯҳ барои ҷамъи навъи хоси чӯб, ки барои истеҳсоли давову атр истифода мешавад, ба ҷангал баромада буд. Гурӯҳ тасодуфан як тифли бабрро ба дом афтондааст.

Дар ҷавоб панҷ бабр гурӯҳро мавриди ҳамла қарор дода, яке аз мардонро пора-пора кардааст. Панҷ нафари дигар ба дарахтҳо баромада, ҷон ба саломат бурдаанд.

Баъди се рӯз гурӯҳи наҷот ба минтақаи ҳамла расид, вале нишоне аз афроди гумшударо пайдо накард.

Бабр ё худ паланги Суматра ҳайвони нодир аст. Дар табиати ваҳшӣ ҳамагӣ 400 адад аз ин навъи дарранда вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG