Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чин вазири собиқ шартан ба марг маҳкум шуд


Лю Жиҷун
Лю Жиҷун
Додгоҳи Чин собиқ вазири роҳҳои оҳани ин кишварро бо ҷурми фасод шартан ба эъдом маҳкум кард.

Лю Жиҷун аввалин мансабдори собиқи чунин сатҳи баланд аст, ки аз замони сари қудрат омадани раҳбари нави Чин Си Ҷинпинг дар моҳи марти соли равон қурбонии ҷанг бо фасод шудааст.

Рӯзи душанбе додгоҳи Пекин Люро ба марг маҳкум намуда, иҷрои ҳукмро ба муддати ду сол ба таъхир гузошт.

Ин ҳукм маънои онро дорад, ки баъди ду сол додгоҳ рафтори ӯро ба назар гирифта, метавонад ҳукми эъдомро бо ҳабси абадӣ иваз кунад.

Люи 60-сола бо пораситонӣ ва сӯиистифода аз мансаб муҷрим дониста шуд.

Ба қавли мақомот Лю ба ин кишвар миллионҳо доллар зарар овардааст.
XS
SM
MD
LG