Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пилоти ҳавопаймои фурӯпошида омӯзишро идома медод


Ширкати ҳавоии Asiana Airlines-и Кореяи Ҷанубӣ мегӯяд, пилоти ҳавопаймои Boeing 777, ки дар фурудгоҳи Сан Франсиско ба замин бархӯрд, ҳанӯз ҳам омӯзиши парвоз дар ин навъи ҳавопаймоҳоро идома медод.

Рӯзи шанбе ҳангоми бархӯрди ҳавопаймои ёдшуда бо замин ду навраси чинӣ ҳалок шуда, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Як мусофири ҳавопаймо бо номи Юҷин Раҳ мегӯяд:

Фикр кардам, ки ҳозир мемурам. Ҳама фиғон доштанд. Воқеан ҳама тарсида буданд.”

Муфаттишони хадамоти бехатарии парвозҳои ИМА мегӯянд, якуним сония пеш аз фуруд омадани ҳавопаймо экипаж кӯшиш кард, суръатро афзоиш дода, Боингро ба ҳаво хезонад.

Дар наворҳои видео бардӯрди ҳавопаймо ба хатти нишаст намоиш дода шудааст, ки бар асари он ҳавопаймо пора-пора шуда, қисме аз он сӯхтааст.

Ҳавопаймо бо 307 сарнишин аз Сеул ба Сан Фрасиско парвоз карда буд
XS
SM
MD
LG