Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муколамаи тамаддунҳо" сайти худро роҳандозӣ кард


Бунёди "Муколамаи тамаддунҳо" сайти интернетии худро бо номи www.dialog.tj роҳандозӣ кард. Иброҳим Усмонов, муассиси ин созмони ҷамъиятӣ рӯзи 8-уми июл ба радиои Озодӣ гуфт, ки феълан сомонаи "Dialog.tj" ба забони русӣ ба роҳ андохта шудааст ва дар ояндаи наздик имкон дорад ба забони тоҷикӣ низ фаъол шавад.

Оқои Усмонов гуфт, сомона маҳдуд ба суҳбату гуфтугӯҳои «Муколамаи тамаддунҳо» нашуда, ҳамчун як сайти комил, дар он хабару мақолаҳо роҷеъ ба вазъи Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ҷо дода мешавад.

Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо» дар таърихи 6-уми ноябри соли соли гузашта бо ҳадафи таҳқиқи ҳодисаҳое, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимати сиёсӣ ба амал омаданд ва омӯзиши муносибати байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон, таъсис дода шудаааст.

Иброҳим Усмонов дар мавриди татбиқи барномаи ин Бунёд гуфт, ки ба он ташкилотҳо ва шахсиятҳое такя кардан мехоҳад, ки ба дониши бештаре дар бораи ҳодисаҳои замони истиқлол ниёз доранд: «Шояд шахсиятҳое пайдо шаванд, ки пайи ин гуна чизҳо бошанд. Ва дуруст аст, ки мутахассисонро ройгон ҷалб карда наметавонем ва ба қадри пайдо шудани имконияти моддӣ, онҳоро дар ин корҳо истифода хоҳем кард.»

Иброҳим Усмонов дар расидагӣ ба ин суол, ки аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта даҳсола мегузарад оё дубора ҷалб кардани таваҷҷуҳи омма зарурат дорад, гуфт, эҳтиёҷ ба муҳокима, баррасӣ, натиҷагирӣ ва бардоштани норӯшаниҳо аз воқеияти гузашта ҳамеша буд ва ҳаст.

Дар доираи суҳбату гуфтугӯҳои Бунёди «Муколамаи тамаддунҳо», шахсиятҳои шинохта ба мисли Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва нахустин сафири Тоҷикистон дар Туркманистон, Талбак Назаров, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Абдумаҷид Достиев, собиқ муовини Комиссияи оштии миллӣ ва ҳоло сафири Тоҷикистон дар Русия, ширкат кардаанд. Дар назар аст охири ҳафтаи равон Давлат Усмон, собиқ вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, аз чеҳраҳши шинохтаи собиқ мухолифин, дар нишасти Муколамаи тамаддунҳо ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG