Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари суқути Boeing 777 ду нафар ҷон бохтанд


Бар асари фуруди изтирории ҳавопаймои мусофиркаши Boeing 777 дар фурудгоҳи байнулмилалии шаҳри Сан-Франсискои ИМА , ки рӯзи шанбе ба вуқӯъ пайваст, дасти кам 2 нафар ба ҳалокат расида, чандин каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳавопаймои ширкати Кореяи Ҷанубӣ Asiana Airlines аз Сеул парвоз карда буд.

Сабабҳои рӯй додани ҳодиса таҳқиқ мешавад. Бюрои федеролии тафтишоти ИМА изҳор намуд, ки ягон нишонае аз ҳамлаи террористӣ ошкор нашудааст.

Дар ҳавопаймо 16 сарнишин ва 291 мусофир, асосан шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва ИМА буданд. Ба иттилои хабаргузориҳо, ду нафари ҷонбохта – чиноиянд. Тақрибан 50 каси дигар бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон интиқол ёфтанд. Даҳҳо нафари дигар захмҳои сабук бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG