Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрди тарафҳои даргир дар рӯи пули Қоҳира


Шоми ҷумъа дар яке аз пулҳои Қоҳира бархӯрди тарафдорон ва мухолифини президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ ба вуқӯъ пайваст.

Тарафдорони Мурсӣ дар болои пули 6-уми октябр ҷамъ шуда, дар гирду атрофи он сангар бунёд карданд.

Ҷонибҳои даргир ба тарафи ҳамдигар сангу оташпора партоб мекарданд.

Дар макони муқовимат полис ба назар намерасид, вале чархболҳо аз ҳаво дар болои гирдиҳамоиҳо парвоз мекарданд.

Тибқи гузоришҳо пайравони Мурсӣ мехоҳанд дар назди маркази телевизиони давлатии Миср ҷамъ шаванд.

Телевизиони арабзабони Ал-Ҷазира бар пояи иттилои ходимони беҳдоштӣ мегӯяд, ки рӯзи ҷумъа дар хушунатҳои саросари Миср камаш 6 нафар ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG