Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моралес мехоҳад сафорати Амрикоро дар Боливия бибандад


Ҳавопаймои Моралис
Ҳавопаймои Моралис
Ево Моралес-раиси ҷумҳури Боливия таҳдид кард, ки сафоратхонаи Амрикоро дар кишвараш мебандад ва ин посух ба иқдомест, ки ҳавопаймои вайро ҳангоми парвоз аз ҳарими ҳавоии Аврупо боздоштаанд. Сабаб ин будааст, ки гӯё бо ин ҳавопаймо Эдвард Сновден - корманди пешини кашфи Амрико низ парвоз мекардааст.

Моралес Вашингтонро муттаҳам мекунад, ки ба Фаронсаву Португалия ва Италиву Испания фишор овардааст, ки барои вуруд ҳавопаймои Моралисро ба ҳарими ҳавоии худ иҷоза надиҳанд. Вай шоми рӯзи сешанбе аз Маскав ба Боливия парвоз мекард. Ҳавопайморо водор карданд, ки дар Вена фуруд ояд. Сновден дар ҳавопаймо набуд.

Моралес рӯзи панҷшанбе дар Кочабамбаи Боливия бо руасои ҷамоҳири Венесуэла, Эквадор, Аргентина,Уругвай ва Суринам мулоқот кард. Ин мулоқот ба нишонаи ҳимоят аз Моралис, ки ҳавопаймояшро боздошт карданд, баргузор гардид. Раҳбарони кишварҳои Амрикои Лотин боздошти ҳавопаймои раиси ҷумҳурро нақзи муқаррароти дипломатӣ арзёбӣ карданд.

Ба эҳтимоли зиёд Сновден то ҳол дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав мебошад.
XS
SM
MD
LG