Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон - дар ҷойи 106-ум


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федеросиюни байналмилалии футбол), ки 4-уми июл нашр шуд, бо 314 имтиёз мавқеашро шаш зина боло кард ва дар мақоми 106-ум қарор дорад.

Ин беҳтарин натиҷаи мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA мебошад. Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 12-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 9-ум ҷойгир шудааст ва аз Озарбойҷон, Латвия, Молдова, Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон боло ҷойгир шудааст. Пеш аз Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Русия, Украина, Узбакистон, Арманистон, Беларус, Эстония, Гурҷистон ва Литва қарор гирифтаанд.

Тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии нави даста, рӯзи 14-уми август дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” бо мунтахаби Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Колумбия дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Аргентина, Ҳолланд, Италия, Португалия, Хорватия, Бразилия ва Белгия ҷойгир шудаанд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Рейтинги минбаъдаи FIFA 8-уми августи соли 2013-ум нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG