Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори бозгардони қудрат ба Муҳаммад Мурсӣ шуд


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки аз тасмими артиши Миср барои аз мақом барканор кардани раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ ва мутаваққифсозии Қонуни асосии кишвар сахт нигарон аст. Ӯ аз раҳбарони низомии Миср даъват кард, ки ҳарчӣ зудтар қудратро ба раисиҷумҳури аз роҳи демократӣ интихобшуда ва ҷонибдорони ӯ баргардонад. Барак Обама афзуд, ки ба хадамоти давлатии Амрико дастур додаст, ки бо такя ба қонун паёмадҳои ҳаводиси Миср ба барномаи кӯмаки ИМА ба ин кишвари арабиро арзёбӣ кунанд.

Шоҳи Арабистони саудӣ Абдуллоҳ раиси Додгоҳи Қонуни асосии Миср Адлӣ Мансурро бино ба кафили раисиҷумҳур таъин шуданаш табрик гуфт. Қатар ва Аморати Муттаҳидаи араб ҳам аз барканории Муҳаммад Мурсӣ аз мақом истиқбол карданд. Раисиҷумҳури Сурия Башор Асад изҳор намуд, бар асари ҳаводиси ахир дар Миср онҳое шикаст хӯрданд , ки мехоҳанд исломро ба нерӯи сиёсӣ табдил кунанд.

Артиши Миср шоми чаҳоршанбе Муҳаммад Мурсиро аз раёсати ҷумҳурӣ барканор кард ва эътибори Қонуни асосии он кишварро муваққатан боздошт. Раиси Додгоҳи Қонуни асосии Миср Адлӣ Мансур раҳбари муваққати Миср таъин шуд. Муҳамад Мурсӣ ва ҷонибдоронаш ҳаводиси ахирро “кудатои низомӣ” номидаанд.
XS
SM
MD
LG